АРЧА

Бар арча нигар,  ситода  масрур

Дар теғаи  кӯҳӣ осмонрас,

Чун   мӯрии    боми хонаи аз дур

Тобад  ҳама дам ба дида касс.

 

Ба қатраи авалини борон

Русхори сабзи худ   бишӯяд.

Оҳуи  рамида дар  таҳи он

Ҳар  гоҳ  ба  худ  паноҳ  ҷӯяд.

 

Ҳар субҳ  шуои гарми  хуршед

Дар кӯҳ  чӯ  мешавад  намудор,

Пеш аз  ҳама  арча бинад онро

Аз қуллаи   барпӯши  кӯҳсор.

 

Дорад ба ҳавои  тоза ҷавлон,

Порво накунад  зи  боду самро,

Сархам   накунад   ба   пеши бӯрон,

Дилгир  намешавад  зи гармо.

 

Бар  хок   давонда   реша  маҳкам,

Сарсабз  чу  домани баҳор аст,

Дар    теғаи  кӯҳи   осмонрас

Чун парчами  сабз  устувор  аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close