АҲДУ ПАЙМОНИ ШУМО

Ин ҷингар хйн гашта ҳамчун лаъли хандони шумо,
Мешавам ошиқ ба он чашмони рахшони шумо.
Гар шавад рухсат, бароям сайри боғи ошиқон,
Ман бихоҳам чидани себи занахдони шумо.
Нақши дигар нест даркорам дар ин дунё, агар
Синаамро чок созад тири мижгони шумо
Чун кунад арзи ҷило он рӯи ҳамчун моҳатон,
Кӯр бошад чашми дил ё маҳву ҳайрони шумо.
Ғайр аз ин ҷавру ҷафо чизе насиби мо нашуд,
Зинда ҳастам ба вафову аҳду паймони шумо.
Дар лаби дарё нишастӣ, сарви симонсоқи манн,
Шӯри дарё дидаам дар мавҷи домони шумо.
Дар шаби торик ҳангоми табассумҳоятон
Равшанӣ созад сафедиҳои дандони шумо.
Мо кунун бечорагон то кай ба хилватгоҳи роз
Куштаи нози шумо бошему қурбони шумо?
То дар ин дунё бувад сарӯзи умру м зиндагӣ,
Дасти дилро барнадорам манн зи домони шумо.
Хотири ҷамъе надорам ҳеҷ Мирзои Ғафур,
Баски шуд офуштаи зулфи перешони шумо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail