Бадбахт одаме ки надорад нишони худ

Бадбахт одаме, ки надорад нишони худ,
Бо ақл барнамекашад суду зиёни худ.
Бебаҳра ошиқе, ки ниҳон оҳ мекашад,
Рози ҷаҳон намекунад рози ниҳони худ.
Сарсахт дилбаре, ки худорой будааст,
Н-ороста зи ишқи дилоро равони худ.
Эй ҳайфи он ҷавон, ки кашокаш шиори ӯст,
Беҳуда ҳайф мекунад умри ҷавони худ.
Эй сад дареғи қодире, к-ӯ бо заифакон
Лофу газоф мекунад аз бозувони худ.
Афсӯси шоире, ки ҷаҳонро надидааст,
Маҳбуси хеш мондааст андар ҷаҳони худ.
Эй вои тоҷике, ки фаромӯш кардааст
Асли худу забони худу ҳамзабони худ…
14.1.1984

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail