Баҳорам гузашт аз хазонам чӣ суд?

Баҳорам гузашт аз хазонам чӣ суд?
Зи суду зиёни ҷаҳонам чӣ суд?
Басо обам аз сар чу бигзаштааст,
Тамошои оби равонам чӣ суд?
Зи чуну чароҳо дилам сакта шуд,
Дигар аз чунину чунонам чӣ суд?
Харобу паёбам зи ишқу зи май,
Марамматгариҳои ҷонам чӣ суд?
Чу нашкуфт гулҳои армони ман,
Хазонрезии ормонам чӣ суд?
Замингирам аз ранҷҳои замин,
Тасаллои ҳафт осмонам чӣ суд?
Канори замин меравад қолабам,
Аз ин фитрати бекаронам чӣ суд?
Фаромӯш гардам зи ёди ҷаҳон,
Зи ёду зи ному нишонам чӣ суд?
Чу дунё кару кӯру худбовар аст,
Зи фарёду оҳу фиғонам чӣ суд?
14.2.1984

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail