БОҒИ ҶАВОНӢ

Дар махзани дил оҳе намонда,
Аз хирмани дил коҳе намонда.
Дар кӯи хубон роҳе намонда,
Дар бурҷи сина моҳе намонда.
Боғи ҷавонӣ, яксон намонӣ,
Имрӯз пургул, фардо хазонӣ!
Беҳамзабонӣ, беҳамсабӯӣ,
Беормонӣ, беорзуӣ.
Дигар наёбӣ, ҳарчанд ҷӯӣ,
Он тозаҷӯӣ, он тозарӯӣ.
Боғи ҷавонӣ, яксон намонӣ,
Имрӯз пургул, фардо хазонӣ!
Дигар нагардӣ пиромани гул,
Дасте наёзӣ бар гардани гул.
Чашмони сарди гулбастаатро
Бар гиря орад хандидани гул.
Боғи ҷавонӣ, яксон намонӣ,
Имрӯз пургул, фардо хазонӣ…
15.4.1990

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail