Дар девори театр

Ҳама артист андар зиндагонӣ
Ба сад оҳанг санъат менамояд.
Яке бозикунон дар саҳна мирад,
Яке мирад, сипас бар саҳна ояд.
Яке аз саҳна боре «ҳой» гӯяд,
Чу нахли сабзи саҳна бе бару суд.
Яке дорад намуду решае не,
Яке лабташна мирад дар лаби рӯд…
Яке ҳарчанд поёнаш фароранд,
Зи ҳадди хеш болотар шитобад.
Яке сад нақши дигар бозад, аммо
Тамоми умр нақши худ наёбад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail