ДИДОРГОҲИ ДЕРИН

Боз аз он ҷо мегузаштам,
Бо чӣ вазъу бо чӣ савдо мегузаштам.
Гӯиё андӯҳи дунёе ба дил
Ман зи дунё мегузаштам.
Сабзаҳо хушкида буданд,
Гӯӣ оташдида буданд.
Сахраҳо бо сахраҳо паҳлӯ зада
Пушти ҳам хобида буданд.
Рӯди Варзобу садои мавҷҳояш,
Бозиҳояш, шӯхиҳояш, ларзаҳояш
Ошиқиҳои маро такрор мекард
Бо паричашме, ки будам ҳамнавояш.
Мо ду ношукри муҳаббат
Ишқро бадном кардем.
Ӯ зи ман ранҷиду ман ранҷидам аз ӯ,
Ишқро ноком кардем.
Ӯ зи ман бигзашт, то ёбад беҳ аз ман ошиқе,
Ӯ маро рад кард, то ёбад беҳ аз ман мушфиқе,
Лек медонам, ки ӯ ҳаргиз намеёбад дигар
Лоиқе чун Лоиқе…
Охирин дидори мо танги ғуруб
Дар сари як сахраи Варзоб буд.
Баъд аз он хуршеди ишқи мо натофт,
Васли мо з-он пас хаёлу хоб буд.
Лек ман шабҳо ба ёдаш менишастам,
Шеърҳои пургудозе менавиштам.
Ҳам хумори чашмҳои содаашро
Ҳамчу рукни сатрҳоям мешикастам.
Вой бар ӯ, вой бар ман!
Мо ду дил дар як ҳарими сина будем,
Баҳри ҳам дороии дил,
Баҳри ҳам ганҷина будем.
Вой бар ӯ, вой бар ман!
Мо кунун аз ҳам ҷудоем.
Қиблаи паймони мо дарҳам шикаст,
Баъд аз он беқиблаему бехудоем.
Ман чӣ гӯям?
Ӯ беҳ аз ман хуб медонад чӣ сон
Ман варо якрӯй мепиндоштам.
Охирин ишқи ман ӯ буд,
Дӯсташ медоштам, эй мардуми рӯи ҷаҳон,
Дӯсташ медоштам…
Дӯсташ медоштам…
8.3.1980

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail