ДӮСТАМ НОЗИМ ҲИКМАТ

Дӯстам Ҳикмат!
Ба ту гап мезанад
Шоири тоҷик.
Шоял ошност
Номи ин қавме, ки бо ёрии рус
Зинда аз нав шуд агар гӯям, равост.
Халқи инсонпарвари Руси кабир
Дод озодӣ барои халқи ман,
Зери байроқи кабири дӯстӣ
Шуд гулистон сарзамини Шарқи ман.
Дӯстам Ҳикмат!
Ба шаҳри Москва
Бин, ки бо фарзандҳоям омадам,
Меҳмон не, балки соҳибхонаам,
Шоду озодона мемонам қадам,
Кӯчаҳояш, хонаҳояш, боғҳош —
Кӯчаи ман!
Хонаи ман:
Боғи ман!
Ман аз они Москва,
Ӯ аз ман аст.
Москва —
Озодии мо ин сухан!
Номи вай бар мо азизу мӯътабар,
Ӯ ба пирону ҷавонон бахт дод,
Бингар, охир, духтарам Зарринаро
Номи Маскавро шунида, гашт шод.

Духтарам ин, —
Номи ӯ Заррина аст,
Синну солаш бештар аз панҷ нест.
Аз Бадахшон то ба инҷо омадаст,
Лекин аз ин ҷо ба Сочӣ рафтанист.

Дидааст ӯ рӯдро, шаллоларо,
Кардааст ӯ номашонро низ ёд,
“Баҳр беҳад нағз” — мегӯяд ба ман,
Ким-кие ин гап ба вай додаст ёд.
Дӯст медорад сафарро.
Дина вай
Дидани Ленинград хоҳиш намуд!
Лек бобояш, ба ғайр аз деҳааш
Ҷои дигарро надида мурда буд…

Дӯстам Ҳикмат!
Мапиндор ин, ки ман
Аввалин бор аст мебинам туро,
Солҳо боз ин, ки моем ошно,
Бо ту мегардам нагардида ҷудо.
Дида будам, ман чӣ сон дар байни халқ
Хонда буди шеъри худро…
Туркия
Мешунид овозату мекард фахр,
Чун бигуфтӣ:
— “Модари мо — Туркия”.

Дида будам ман чӣ сон девонавор
Хоинони Туркия дар ними шаб
Аз ватан, аз халқ бинмуда ҷудо,
Ҳабс бинмуданд, ногуфта сабаб,

Дида будам ман чӣ сон мародонавор
Бо ғазаб аз суд пурсидӣ —
“Бигӯй,
Чист айбам?”
Гуфт хоин дар ҷавоб!
“Душмани моӣ,
Зи мо шафқат наҷӯй!”

Дида будам, ман чӣ сон бо ифтихор
Хонда будӣ ту суруди сулҳро,
Дар ғазаб афтода зиндонбон аз он,
Дод мезад, ки битарсонад туро.

Лекин овозат чу куфтарҳои сулҳ
Аз даруни тиразиндон мепарид,
Паҳн мешуд дар фазои беканор,
Халқ онро мисли даъват мешунид.

Халқ онро зӯрру бурротар намуд,
Халқ онро болу пар бахшида буд,
Роҳҳои нав ба нав бар вай кушод,
Чунки онро мешуниду месуруд.
Дида будам ман чӣ сон бо чашми тар
Хашмгин истода буд дар байни роҳ —
Модарат, —
“Озод бинмоед! — гуфт,—
— Зудтар фарзанди дилбанди маро!”

Дида будам ман чӣ сон дар баҳру бар
Халқҳои сулҳҷӯи ҳар нажод,
Муштҳо боло намуда бо ғазаб,
Амр медоданд:
—Бар Нозим наҷот!
Дида будам ки чӣ сон тӯфон барин.
Оҳи модар, —
Ҳукми халқи сулҳхоҳ
Омаду дарҳои зиндонро шикаст,
Баҳри озодии ту бикшод роҳ!

Дидам:
Аз зиндони торику сиёҳ
Чун ситора,
дӯстам, рахшон шудӣ…
Инак, аз нав боз мебинам туро,
Хуррамам,
дар мулки ман меҳмон шудӣ!
Марҳамат имрӯз мо дар Москва
Истироҳат карда,
фардо меравем —
Ё ба Киев ё ба Боку,
ҳар куҷо

Дил, ки хоҳад мо ба онҷо меравем.
Мардуми мо қаҳрамони сулҳро,
Хуб медонӣ, ки ҳурмат мекунанд!
Дӯстам Ҳикмат!
Ба меҳмонӣ туро
Тоҷикистон низ даъват мекнад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close