ЗАМИНИ НОЗАНИН

Замини нозанин, дар оғуши ту
Гулистонҳову бустонҳо шукуфта.
Замини нозанин, дар оғӯши ту
Далерони Ватан ҷовид хуфта.
Ба номи ту суруди ман,
Паёми ман, дуруди ман.
Фишонад ҳар саҳар заррина кокул
Зи бурҷи осмон хуршеди тобон.
Саросар ғарқи нури бахт гардӣ,
Шавӣ ороста ҳамчун арӯсон.
Ба номи ту суруди ман,
Паёми ман, дуруди ман.
13.12.1973

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail