Кай ҳама

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад,
То азоби ману шумо гузарад?
Ё Баҳоваддини балогардон,
Ҳеҷ донӣ, ба мо чиҳо гузарад?
Сад бало омадаст бар сари халқ,
Як бало кун, ки сад бало гузарад.
Осмон косаест воруна,
Зери он умр бенаво гузарад.
Моҳи нима чу ними нон тобад,
Гар шабе аз раҳе гадо гузарад.
Ин ҷаҳон кафши куҳнаро монад,
Чун зи пешам бараҳнапо гузарад.
Эй зараргор, то зар андӯзӣ,
Обат аз кӯзаи тило гузарад.
Халқ гушнаст, эй шикамбора,
Аз гулӯят чӣ сон ғизо гузарад?
Ҳар куҷо ҳизб, кизб низ он ҷост,
Ҳизббозӣ куҷо ба ҷо гузарад?
Марги мо ҷуз маҳалгароӣ нест,

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close