КАЛИДИ ДИЛ

Чи хуш гуфтаст, он пири дилогоҳ —
Ҷалолиддини Румии суханвар:
—Калиди дил ба дилҳо ҳамзабонист,
Валекин ҳамдилӣ садбор беҳтар…

Чу модар Инқилоби Октябр
Чунон моро ба ҳам якдил намудаст,
Ту гӯӣ ҷовидон мо ҳамзабонем,
Чи бо Қалмиқ, чи бо Руси забардаст.

Бубин, бар рӯи ман баошад кушода,
Дари ҳар миллату ҳар қавми кишвар.
Забони Русиаъзам чун дили ӯ
Маро дар зиндагӣ ёр асту раҳбар.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close