НОМАҲОЯТ

Шаб, чу хондам номаҳоят
То саҳар хобам наёмад.
Дар дилам ошӯби маҳшар,
Бар сарам омад қиёмат.
Гуфта будӣ «Баъди хондан
Номаҳоямро бисӯзон».
Гар бисӯзам номаҳоят,
Сӯзадам дил, сӯзадам ҷон.
Номаҳоятро насухтам
Сӯхт аммо тинати ман.
Баъд аз он то ҳоли ҳозир
Сӯхтан шуд қисмати ман.
Охирин як номаи ту
Дошт оҳанги васият
Пеш аз марги таби дил,
Пеш аз марги муҳаббат.
Охирин як номаи ту
Дошт оҳангу навое,
Гӯиё хатти сияҳ буд
Пеш аз рӯзи ҷудоӣ.
Аввалин як номаи ту
Дошт пайғоми ҷавонӣ.
Охирин як номаи ту
Дошт анҷоми ҷавонӣ.
Аввалин як номаи ту
Буд лабрези муҳаббат.
Охирин як номаат дошт
Дарди ночизи муҳаббат.
Номаҳои аввалинат
Саргузашти ишқ буданд.
Номаҳои охиринат
Даргузашти ишқ буданд.
Номаҳоятро ба ҳар ҳол
Доштам дар синаи худ.
Доштам дур аз фасурдан
Мисли як ганҷинаи худ.
Номаҳо бо аксҳоят,
Номаҳо бо нолаҳоят,
Номаҳои ишқу ҳасрат,
Номаҳои бебаҳоят.
То кунун дар синаи ман
Монда ёд аз ишқи воло:
Он яке кӯбад думушта,
Дигаре созад тавалло.
Гуфта будӣ «Баъди хондан
Номаҳоямро бисӯзон».
Гар бисӯзамшон, бисӯзад
Боқии дил, боқии ҷон.
Сӯхтам ман худ, ҳамин бас,
Номаҳо бояд насӯзанд.
То даме дар хотири ман
Гӯшаеро барфурӯзанд…
* * *
Гоҳ-гаҳ содагони кӯдакдил
Аз ман асрори шеър мепурсанд.
Аз табутоби ранҷҳои ман
Дар сари кори шеър мепурсанд.
Чист шеър? Эй басо суол кунанд,
Гӯиё ман паямбари шеърам.
Ҳол он, ки дар ошёни адаб
Як гадои паси дари шеърам.
Воқиан шеър чист? Ин матлаб
Мебарад рӯзу шаб қарорамро,
Садди нашкастанӣ чу кӯҳи азим
Мениҳад аспи роҳворамро.
Ҳама ҷо ҳаст, боядаш дарёфт,
Шеър шояд атои раббонист.
Чун ҳумое ба пушти кӯҳи Қоф,
Ҳама ҷо ҳаст, лек пайдо нест.
Балки дар осмони ниликор
Су-суи ҷодуии кавкабҳост?
Балки нақши ситораи паррон,
Дар ҷабини сиёҳии шабҳост?
Балки дар кулбаи ғамангезе
Гиряи аввалини навзод аст?
Балки олоии касалмандест,
Ки аҷал як дамаш амон додаст?
Ё васият накарда шабҳангом
Дидагон боз карда пас мурдан?
Ё зи гулбун ҷудову дар гулдон
Оҳи гул пештар зи пажмурдан?
Ё худо гуфта, ҷон супоридан
Баъди якумр бехудоиҳо?
Ё пушаймониҳои бесуде
Баъди ҷонкоҳии ҷудоиҳо?
Балки парвози ақлу эҳсос аст
То ба ҷое, ки одамӣ нарасад?
Балки тақлиди сеҳру эъҷоз аст,
Ки ба таҳқиқи оламе нарасад?
Ё ки тасвири инқилоби дил аст,
К-аз диле бар диле мадор шавад –
Инқилобе, ки аввал андар дил,
Баъд дар даҳр интишор шавад?
Ё муросои осмону замин
Баҳри таскини одами фонист?
Ё мудорои чор самти ҷаҳон
Баҳри эъҷозҳои инсонист?
Ё нигоҳи мунаввари одам
Ҷониби нуриёни афлок аст?
Ё нигоҳи паямбаронаи ӯ
Ҷониби об, ҷониби хок аст?
Балки шеър аст як ҷаҳони дигар
Дар ҷаҳоне, ки обу гил дорад –
Як ҷаҳоне ба рағми бедардон
Дарди ҷон дорад, дарди дил дорад?
Балки дар ин ҷаҳони бедевор
Як тасаллои ҷони инсон аст?
Як ғиреви шикастани садҳо,
Як фиғоне ба гӯши кайҳон аст?
Балки шеър аст шарҳи қисматҳо –
Қисмати рӯду чашмаю шабнам?
Балки… Эй вой! Бахудо, ман худ
Шеър мегӯяму намедонам…
29.6.1984

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail