ОДАМИЗОД

Ин муҳит аст қафас баҳри ту, эй одамзод,
Натавон рафт бурун аз дари он, зан фарёд.

Кӯхи умрат бихӯрад тешаи соат кам-кам,
Мехӯрӣ обаки ширин ба ҷиҳоди Фарҳод.

То зи гирбод бароӣ, бидавӣ бар чапу рост,
Лек он баҳри кабираст, куҷо сохили шод.

Ҳар куҷо пой нихӣ ғайбату кин асту шиканҷ,
Гӯй дар пои ту занҷир бувад аз пӯлод.

Меравӣ пеш, вале асри қафо омадай,
Ҳокиме ҷоҳил агар ҳасту дилаш пур зи фасод.

Иллати рӯхи туро кирм занад пайваста,
Нест онро накунӣ, ҳастии ту лар ғаму дод.

То ту дар умри ҷавон касби камолот кунӣ,
Ҷӯй тадбир шаборӯзу бихоҳӣ имдод.

Хастаҷон нестӣ аз кӯи саодат ҳаргиз,
Ӯлмасо, ин чӣ сиру ҷаҳду ҷадал бар тӯ кӣ дод?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail