Рубаи Хаяма

333
Мурғе дидам нишаста бар бораи Тус,
Дар пеш ниҳода каллаи Кайковус,
Бо кала ҳамегуфт, ки афсус, афсус,
Ку бонги чарасҳову чи шуд нолаи кус?.

334
Он бода, ки руҳи ноб мехонандаш,
Меъмори дили хароб мехонандаш.
Ратли ду-се сангин ба ман оред сабук,
Хайроб, чаро шароб мехонандаш?.
335
Аз одамҳо об макун заҳраи хеш,
В-аз ҳар чиҳате шур макун шуҳраи хеш.
Бардор зи дунёи дани баҳраи хеш,
З-он пеш, ки даҳр баркашад даҳраи хеш.
336
Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш,
Худ бош ба ҳар дарди диле маҳрами хеш.
Танҳо бинишину хештан хур ғами хеш,
В-ар ҳамдамат орзу кунад ҳам дами хеш.
337
Панде диҳамат, агар ба ман дори гуш:
«Аз баҳри худо чомаи тазвир мапуш.
Дунё ҳама соатеву умри ту даме,
Аз баҳри даме умри адабро мафуруш».
338
То чанд кунем арзаи нодонии хеш?
Бигрифт дилам аз бесарусомонии хеш.
Зуннор аз ин сипас миён хоҳам баст,
Аз нанги чи? Аз мусулмонии хеш.
339
Чомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад буса зи меҳр бар чабин мезанадаш.
В-ин кузагари даҳр чунин чоми латиф,
Месозаду боз бар замин мезанадаш.
340
Хайём, агар зи бода масти, хуш бош,
Гар бо санаме даме нишасти, хуш бош.
Поени ҳама чизи чаҳон нести аст,
Пиндор, ки нести, чу ҳасти, хуш бош.
341
Дар коргаҳи кузагаре рафтам душ,
Дидам ду ҳазор куза гиёву хамуш.
Ногоҳ яке куза баровард хуруш:
«Ку кузагару кузахару кузафуруш».
342
Сармаст ба майхона гузар кардам душ,
Пире дидам масту сабуе бар душ.
Гуфтам: «зи худо шарм надори эй пир?»
Гуфто, ки карим аст худо бода бинуш.
343
Сер омадам, эй худой, аз хастин хеш,
В-аз танг диливу аз тиҳидастии хеш.
Ҳар нест ту ҳаст мекуни берун ор,
З-ин нестиям ба ҳурмати ҳастин хеш.

344
Май хур, ки хирад ҳамеша дорад посаш,
У оби ҳаёт асту манам Илъёсаш.
Ман қуввати дил кути равонаш хонам,
Чун гуфт худо «манофеъу линносаш».

345
Май дар қадаҳ, инсоф, ки чонест латиф,
Дар колбуди шиша равонест латиф.
Лоиқ набувад ҳеч гарон ҳамдами ман,
Чуз соғари бода, к-он гаронест латиф.
346
Бисёр таҳайюр аст дар даври фалак,
Авҳом шудааст очиз аз гаври фалак.
Чун менараҳад ҳеч кас аз чаври фалак,
Фарёд чи суд аз Ҳамалу Саври фалак.
347
Хайём, замона аз касе дорад нанг,
К-у дар ғами айём нишинад дилтанг.
Май хур ту ду обгина бонолаи чанг,
З-он пеш, ки обгина ояд бар санг.
348
Ин сурати куза чумла нақш асту хаёл,
Ориф набувад хар ки надонад ин ҳол.
Биншин, қадаҳе бода бинушу хуш бош,
Фориғ шав аз ин нақши ҳаёлоти муҳол.
349
Бо сарвқаде тозатар аз хирмани гул,
Аз даст мадеҳ чоми маю домани гул.
З-он пеш, ки ногаҳ шавад аз боди ачал,
Пироҳани умри мо чу пироҳани гул.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close