Қароре

Қароре нест азбас дар талотумхонаи дарё,
Биё, бинҳем лабро бар лаби паймонаи дарё.
Чу бар афсонаи умри гурезон эътимоде нест,
Биё, эй дил, даромезем бо афсонаи дарё.
Сари осудае дар бистари амвоҷ натвон ёфт,
Ки дилҷӯӣ кунад аз духтари фарзонаи дарё!
Ба дарё зан дили худ, то дили дарё ба даст орӣ,
Ало соҳилнишини беғам, эй бегонаи дарё.
Дар ин мурдоб агар жӯлида бошӣ, эй ҳавасмурда,
Ба уқёнус роҳӣ шав савори шонаи дарё.
Ҳамовардаш ҳама дарёдилу тӯфонзамиронанд,
Нигар, дар соҳил афтодаст бас афғонаи дарё.
Ту гӯӣ мавҷкӯҳа кӯҳи ғамҳо мебарад бо худ,
Ғами чандин ҳазорон аст дар анбонаи дарё.
Ҷунунтозии амвоҷи ситезон азми он дорад,
Ки боре бигсалад аз дасту по завлонаи дарё.
Бирақсад дар булӯри сабзи обаш духтари маҳтоб,
Тағаззул офаринад шеваи мастонаи дарё.
Ба дӯши хештан бор аст, масте ҳасту ҳушёр аст
Дилу дасти фароху ҳиммати мардонаи дарё.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close