ТО ТАВОНӢ, МАКАШ ЗИ МАРДӢ ДАСТ

То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст,
Ки ба сустӣ касе зи марг наҷаст.
Ҳар ки ўро баланд мардӣ кард.
То ба рўзи аҷал нагардад паст.
Ҳар ки бо ҷон наистод ба разм,
Дон, ки дар пешгаҳ ба ҳақ нанишаст.
Сар фарозад чу найза ҳар марде,
К-ай миён ҷангро чу найза бубаст.
Ай басо, размгоҳи чун дўзах,
Ки қазо андар ў дуруст бираст,
Найза чун ҳамла хостам бурдан,
Гашт печон маро чу мор ба даст.
Гуфтам, ай шоҳи марг, рост гирой,
Ки басе дил ба ту бихоҳам хаст.
Кунӣ ар эҳтироз, вақташ нест
В-ар кунӣ изтироб, ҷояш ҳаст.
Ё биҷунбӣ ҳаме зи шодии худ,
Ё биларзӣ ҳаме зи бими аласт.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close