ЧАШМОНИ ОЛИМПУР

Дошт дар оинаи чашмони худ
Аксҳои гунагуни гунаи мову шуморо.
Аксҳои зиндагии рӯсиёро,
К-андар ӯ мезист навъе бо мудоро.
Дошт андар дурбини дидагонаш
Аксҳои нағзу рангини замона.
Гарчи ҳам медид, он андоза гӯӣ ҳам намедид,
Лаккаҳои шармовар,
доғҳои зишту нангини замона.
Дошт, оре, дар булӯри дидагонаш акси моро.
Бурд ҳам андар булӯри дидагонаш
акси морову шуморо.
Акси авзои замона, акси ёрони дилашро,
Акси фарёди дарунаш, акси исёни дилашро…
Лек аз ин дунёи баттолу аз ин айёми қаттол
Дар булӯри дидагонаш
Охирин аксе, ки бурд ӯ –
Акси шуми қотилаш буд…
(Таъну лаъни ҷовидонӣ бод бар ӯ!!!
Нафрати ҳардуҷаҳонӣ бод бар ӯ!!!)
Баски ӯ андар миёни ормонҳои бузурги хеш
оламгир буд,
Дар хилоли аксҳои безаволаш
Ханда буду гиря буду тифл буду пир буд –
Алғараз дар мардуми чашмони ӯ
Акси мардум буд.
Кош мардум акси ӯро низ
Андар мардуми чашмони худ поянда доранд.
Гарчи ман аз мардуми мо интизори ин
шаҳоматро надорам,
Боз ҳам уммедворам…
7.3.1996

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail