ЧӢ ШУД БАР ТУ?

Чӣ шуд бар ту, ки ғайри ихтиёрат
Забониро навозиш менамоӣ,
Ба нонӣ дода нон аз дар наронда,
Дари дилро ба рӯяш мекушоӣ?
Вале аз ёри ҷониат ба якбор
Намудастӣ, азизи ман фаромӯш…
Биранҷидаст Саъдии хирадманд,
Ки бар пандаш надодӣ хубтар гӯш.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close