Ғазфлҳои Лоиқ Шералӣ нағз

Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад,
Зор мирад дар бало ҳар кас, ки озорат кунад.
Рӯзгораш рӯи файзеро набинад то абад
Ҳар касе ношукрие аз файзи дидорат кунад.
Рӯзи хурсандӣ набинад дар ҷаҳони зудсер,
Дилфигори ғам шавад, ҳар кас дилафгорат кунад.
Ҳар кӣ субҳи бахтро аз чашми бедорат наёфт,
Хоби маргаш беҳ, ки заҳри чашми бедорат кунад.
Тешаи барқаш занад аз осмони тирарӯй,
Ҳар кӣ қасди тирагии барқи рухсорат кунад!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail