ҲУЗНИ ШИРИН

Равам аз шаҳр сӯйи кӯҳи баланд,
Пастии зумрае барам аз ёд,
Устувории кӯҳро бинам,
Шавам аз бесуботҳо озод.

Шеваи якзабони рӯд ба гӯш,
Барам аз ёд садзабононро.
Кафи обаш ба сина пошида,
Бикунам сард сӯзиши ҷонро.

Чун бубинам, ки бодҳо гузаранд
Аз бари қулла беасар ҳар дам,
Бодсарҳою бодсанҷонро
Бингарам бенишона дар олам.

Чун бубинам шаҳомати куҳсор
Ки фақат як ғурури холӣ нест,
Ман наранҷам зи кибри мағрурон,
К-он ҳама аз мақоми олӣ нест.

Як дам, эй мурғаки ғазалпардоз,
Дар ҳавои сарам садо бардор.
Нағма пуршӯр кун, ки овозат
Аз дилу ҷони ман бара дозор.

Бипар аз шохи боғи кӯҳистон,
Ба сари шохи шеъри ман биншин.
Нағмаи тоза аз гулӯ сар деҳ,
Ҳузни шеъри маро бикун ширин.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close