Маро

Маро намехарад касе, маро намебарад касе,
Чӣ ҳол дорам, эй худо, чӣ ҳол дорам, эй худо.
Аз дасти инқилоб куҷо метавон гурехт?
Аз дасти инқилоб худо ҳам халос нест!
Эй зиндаёд, бо ҳама дилмурдагон бигӯ,
К-ин зиндагӣ фароғати якчанд мурда нест!
Баҳори ишқи маро навбаҳори ҳуснат кушт,
Маро ба ёд биёр, ар баҳори нав бинӣ.
Бозии ҷони хешро дар ҳар нигоҳат дидаам,
Оинаи ҷон чашми ту, оинагардон чашми ту.
Хашми фурӯхӯрдаам қуббаи хокам шавад,
Оташи бетобиям сардии гӯри ман аст.
Дунё гузаштааст, вале мо ҳанӯз ҳам
Дар интизори навбати дунё ситодаем.
То рафтаам зи ёди ту, ёдам намекунанд,
То рафтаам зи дасти ту, аз по фитодаам.
Агар рахти сафеди ту ба ту бахти сафед орад,
Сияҳбахтии ошиқро ба оҳе метавон бахшид.
Дар сафҳаи беранге шеъре ба ту лоиқ нест,
Дар сафҳаи барги гул тавсифи ту бояд гуфт.
Санҷидаву дидем, басо таҷриба кардем,
Ҳам лаъл ба каф н-омаду ҳам ёр биранҷид.
Ҷавониям миёни кӯҳҳо рафтаст гулчинӣ,
Хаёлам, боз меояд ба каф гулдастаи тоза…
Аз зиндагию даҳшати тӯфони он магӯй,
Зеро ки ман зи киштии Нӯҳ омадам бурун.
Соҳиби арзу самоӣ, лек соҳибдил наӣ,
Вой бар ҳоли ту, эй соҳибҷаҳони беҷаҳон.
Гаштаю баргашта боз пурсам аз ин рӯзгор:
Панҷаи вомондаам шонаи зулфони кист?
Ман аз диёри хазону ту аз диёри баҳор,
Худо кунад, ки баҳору хазон ба ҳам созанд.
Ё магар ду тифли ҳамзоданд аз рӯзи азал
Раҳбарӣ бо раҳзанию сарварӣ бо сарбурӣ?
Эй шаҳри ҳеҷ кас, ҳама рафтанд аз барат,
Аз ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас додат намерасад.
Рафту баргашт агар дар ғазали Ҳофиз ҳаст,
Рафту баргашт надорад сафари охиратӣ.
Нагсилад пайванди мо аз рӯзгори ошиқӣ,
То манам дар орзуи абруи пайвасти ту.
Гар сад ҳазор хирманам, муҳтоҷи донае,
Гар сад баҳор гулшанам, муҳтоҷи як гулам.
Эй навҷавони пирдил, бо ҷому бода соз,
Ман бода мехурам, аз он пири ҷавондилам.
То дилам об нашуд, об нашуд ҳеҷ диле,
Дили ман об ки шуд, аз дили танҳо чӣ суд?
Даврони хокбозии тифлии ман гузашт,
Акнун ба хок меравам хоки ҷаҳон ба сар…
Чу ман мирам, миёни ҳамдигар гӯед, ки Лоиқ
Дар оғӯши замин бо бӯяҳои осмонӣ рафт…
Муште маро задию биболӣ зи бозуят,
З-ин бехудӣ мабол, худо мезанад туро!
Ман ин кафкӯбиҳоро дидаам бисёр,
Ки подоши ҳама дилкӯбиҳо буданд.
Сад ифтихор кунӣ ҳам зи рӯди хушкида,
Дареғ, ташнагиятро шикаста натвонӣ.
Беҳин мероси ман аз дори дунё
Ҳамин як пора шоли модарам буд.
Дӯстон, оинарӯе чу ба сӯям нигарад,
Ҳамаи оинаҳоро ба шумо мебахшам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close