ХӮРҶИНҚОР

даҳони хешро дарронда монанди калӯш,

Чашми тангат во намуда, каллаат бекаллапӯш,

Мисли дуғи халтаи дар офтоб оӣ ба ҷӯш,

Лаб кушояд назди ту шахсе, ту бо хашму хурӯш

Муштборон карда столро, ҳамегӯӣ: «Хамӯш!»
Гӯӣ, охир то ба кай ту лофи мансаб мезанӣ?

Мезанию мисли гурба то ба кай лап мезанӣ?

То ба кай аз «хубкирдории» худ гап мезанӣ?

Молу мулки халқро то кай ту хап-хап мезанӣ?

То ба кай айбу гуноҳи хеш созӣ пардапӯш?
Ҳар кӣ айбатро бигӯяд, ганда мехонӣ варо,

Бо қасам тӯҳматгару шарманда мехонӣ варо, Бадгуҳар чун каждуму дарранда мехонй варо, Аз барои худ зарароранда мехонӣ варо,

Панди ёронро нахоҳй ҳеҷ бишнидан ба гӯш.
Бо хушомадгӯйҳо маҳбуби ҷон бинам туро,

Баҳрн нафсп хеш бо онҳо равон бинам туро,

Соҳпбп се ҳавлпи корп калон бинам туро,

«Волга»-дору масти пули бегарон бинам туро,

Хопа бар хона бубинам хониматро куртапӯии.
Шод аз мансаб ту бошй, мансаб аз ту додгӯст,

Обрӯи вай зи дастат рехт мислч пашми пуст,
Худппсандӣ карда гӯӣ боз: кори ман накӯст,
То ба кай бар ту чуннн бсшармию ин хулқу хӯст?

Кор аз дасти ту хӯрҷин гашт, эй виҷдонфурӯш!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail