АБРИ БАҲОР

Сиришки абр ба кардори лӯълӯӣ лолост
Насими бод ба кирдори анбари сорост.
Сипоҳи барф рамиду сипоҳи лола расиид,
Хурӯши зоғ нашасту хурӯши фохта хост.
Ба ҳар куҷо нигарӣ, пеши чам ту гӯхар аст,
Ба ҳар куҷо гузарӣ, зери пои ту дебост.
Само шабонгаҳ гӯӣ ки пуршкуфазамист,
Замин саҳаргаҳ гӯӣ ки пурситора самост.
Агар насими сабо биншавӣ надонӣ, к-он
Насими анбари сорост, ё насими сабост.
Зи лолаҳои дигаргун боғ чун минӯс,
Зи сабзаҳои дигаргун роғ чун миност.
ҳазор гунна баҳор аст, ҳар куҷо саҳрост.
Касе, ки ёфт кунун бӯстон, биҳишт наҷуст,
Касе, ки дид бунун гулистон, сипеҳр нахост,
Шукуфта лола ба кирдори оташ аст зи дур,
Ки дури ӯ нопайдову нури ӯ пайдост.
Шамол рӯи чаманро ҳама ба мушк андуд,
Саҳоб рӯи чаманро ҳама ба дурр орост.
Ҳазор гӯӣ аз ёри хеш маҳҷур аст,
Ки ҳамчу ошиқӣ маҳҷур бо ҳазор навост…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail