Абру камон

Маҷлисафрӯзии рухсораи некӯят ку?
Кокулафшонии он қомати дилҷуят ку?
Тойири новаки мижгони ту паррехта шуд,
Қодирандоз камондории абрӯят ку?…
Ду ҷаҳон буд шаҳиди нигаҳи ҷодуят,
Фитнаи наргиси мардумкуши ҷодуят ку?
Он кӣ аз ҳеҷ сабаб ром намешуд ба касе,
Нашуда роми кас он тундии оҳуят ку?
Об мекард ба наззора дили мардумро,
Подшоҳона назар кардани оҳуят ку?
Ҳарфи паҳлузада мегуфт ҳама умр ба мо,
Он ки чун банди қабо буд ба паҳлуят ку?
Мекашидӣ ба як андоз камони ҳама кас,
Қоматат гашт камон, қувваи бозуят ку?
Хӯйи бегонавашӣ пеш гирифта, в-арна
Сайидо аз дилу ҷон буд дуогӯят ку?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close