АДОИ БӮСАҲО

Нест гуноҳе маро, аз чӣ ҷафо кардаӣ,
Бо нигаҳи гарми худ обу адо кардаӣ.
Роҳи наҷоти мааром аз ҳама сӯ бастаӣ,
Ишқу умеди маро ту таги по кардаӣ.
Нозкуну ба раҳи соғари май хурдаӣ,
Сурхушу сармаст манн ё ту хато кардаӣ?
Қомати шамшоди манн гашт ба монанди дол,
Раҳм надорӣ ба ман, сахт ҷафо кардаӣ.
Ҳар чӣ ки ман хостам, ҳеҷ бароре накард,
То гираҳи укдаро худ чу ту во кардаӣ.
Баъди чунин қиссаҳо ҳеҷ нахоҳӣ шудан,
Чунки дуо кардам, он чи ба мо кардаи.
Аз лабакат бӯсаҳо чанд талаб доштам,
Чун ду ба субҳу ду шом, ду ба адо кардаӣ.
Ин ҳамагӣ душмани чист ба Мирзо, бигӯ,
Чун ки аз аввал худат аҳду вафо каидаӣ.
Дилбари ширинсухан, аз ту Гафурӣ рамид,
Ҷурму гуноҳе зи ман, ё ту хато кардаӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail