АФСОНАИ ҶАВОНӢ

Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист,
Ҳар ҷо, ки по гузорам, он ҷо пур аз ҷавонист.
Имрӯз гар ҷавонам дар орзуи фардо,
Имрӯзи ман ба номи фардо пур аз ҷавонист.
Ҳоло, ки ман ҷавонам, Наврӯзи соли умр аст,
Ҳар лаҳза зиндагиям сарфоли фоли умр аст.
Ҳоло, ки ошиқам ман, андар дилам, ту гӯӣ,
Ҳадди камоли ишқу ҳадди ҷамоли умр аст.
Дар набзи ман, ту гӯӣ, фаввораи ҷунун аст,
Дар сар ҳазор савдо – фикри чарову чун аст.
Дар ҳар нафас бисӯзам, дар ҳар қадам билағжам,
Ҳар лаҳза имтиҳоне, ҳар лаҳза озмун аст.
Ман беканор, аммо дунёст дар канорам,
Дар роҳҳои дунё чашми умед дорам.
Ҳар чиз, ки бихоҳам, андар хаёлу насяст,
Ҳоло ба ҷуз ҷавонӣ нақде ба каф надорам.
Ман рӯди навбаҳорон, пуроби барфу борон,
Пуроби чашмасорон, пуроби обшорон.
Эй кошкӣ бидонам дар тирамаҳ чӣ монад
Аз ин ҳама хурӯшу мастиву шӯру туғён…
Ман раҳрави кабирам бо роҳи нонавишта,
Деҳқони бобарорам бо донаи накишта.
Ҳар шеър, ки навиштам, хом асту нимкора,
Ман шоири бузургам бо шеъри нонавишта…
1975

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail