Агарчи сӯхтам як шӯъла рухсори ту мехоҳам.

Агарчи сӯхтам, як шӯъла рухсори ту мехоҳам,
Хуморолудаам, чашмони айёри ту мехоҳам.
Туӣ танҳову ман танҳо, ду танҳоем дар дунё,
Ҳама дору надорамро нигаҳдори ту мехоҳам.
Агар як лаҳза беоташ зиям, хокистарам пиндор,
Ман оташзодаам, ишқи шарарбори ту мехоҳам.
Ту оҳанги вуҷуди ман, дуруди ман, суруди ман,
Ба ҳар зарби сурудам ҷазби гуфтори ту мехоҳам.
Агар озурдамат боре пушаймонам, пушаймонам,
Умеди охиринам, боз дидори ту мехоҳам.
Тиҳӣ гардад агар паймонаи умрам ба сад афсӯс,
Лаби ту, хандаи ту, меҳри саршори ту мехоҳам.
Барад гар хоби маргам, боз ҳам аз қаъри гӯри сард
Баҳори рӯзгору бахти бедори ту мехоҳам…
Дар ҷаҳони ман набудӣ, дар ҷаҳони ман биё,
Хушгумони тустам, эй бадгумони ман, биё.
Ҳайф кардам ман ҷавониро ба беишқӣ, дареғ,
Фасли пирӣ омад, эй ёри ҷавони ман, биё!
Дар хазонафшон гулафшони ту мебояд маро,
Дар баҳори ман набудӣ, дар хазони ман биё.
Бо висоли дастнорас мисли домони уфуқ
Гар ба дастам нестӣ, дар достони ман биё.
Дар замони ҳусни ту якчанд соат зистам,
Ишқи ту ҳомии ман, эй ҳамзамони ман, биё.
То бидонӣ чист қадри сӯхтанҳои хамӯш,
Бар замини дардҳо, эй осмони ман, биё!
Баъди мурдан ҳам даруни гӯри тор ишқи маро
Хок медонад, биё, бар хокдони ман биё!
Чӣ кунам, расми рӯзгорон аст,
Ишқ тақдири сарбадорон аст.
Навбати ман гузашт аз дунё,
Навбати ту висоли ёрон аст.
Қисмати ман ҳазор қисмат шуд,
Қисмати ту чу обшорон аст.
Ҳаққи ман сӯхт бо дилу ҷигарам,
Ҳаққи ту дар дили ҳазорон аст.
Дасти ман аз насиба кӯтаҳ шуд,
Дасти ту майкаши нигорон аст.
Дили ман шеваи тапиш гум кард,
Дили ту айни навбаҳорон аст.
Бар сари ман хазони поизон,
Бар сари ту шукуфаборон аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail