АЛАМИ ДАВЛАТИ НАВРӯЗ БА САҲРО БАРХОСТ

Алами давлати наврӯз ба саҳро бархост,
Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархос.
Бар арӯсони чаман баст сабо гуҳаре,
Ки ба ғаввосии абр аз дили дарьё бархост.
То рабоят кулаҳи қокуми барф аз сари кӯҳ
Яазаки тобиши хуршед ба яғмо бархост,
Табақи бағ пур аз нуқлу раёҳин карданд,
Шукр онро, ки замин аз таби сармо бархост.
Ин чӣ бӯест, ки аз соҳати Халлух бидамид
В-ин чӣ бодест, ки аз ҷониби Яғмо бархост.
Чӣ ҳавоест, ки хулдаш ба таҳассур бинишаст,
Чӣ заминест, ки чархаш ба тавало бархост,
Торами ахзар аз акси чаман хумро гашт,
Баски аз тарафи чаман лӯълӯи лоло бархост,
Мавсими нағмаи чанг аст, ки дар базми сабӯҳ
Булбулонро зи чаман нолаву ғавғо бархост.
Бӯйи олудагӣ аз хирқайи сӯфӣ омад,
Сӯзи девонагӣ аз синаи доно бархост.
Аз замини нолайи ушшоқ ба гардун баршуд
В-аз саро наърайи мастон ба Сурайё бархост…
Ҳар дилеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар шуд,
На ки ин валвала аз булбули танҳо бархост.
Гӯиё пардаи маъшуқ барафтод аз пеш,
Қалами офият аз ошиқи шайдо бархост.
Ҳар куҷо талъати хуршедрухе соя фиканд,
Бедиле хаста камар баста чу Ҷавзо бархост.
Ҳар куҷо сарвқаде чеҳра чу Юсуф бинамуд,
Ошиқе сӯхтахирман чу Зулайҳо бархост.
Бо рухаш лола, надонам, ба чӣ равнақ
Бо қадаш сарв, надонам, ба чӣ ёро бархост.
Сар ба болини адам боз неҳ, эй наргиси маст,
Ки зи хобби саҳар он наргиси шаҳло бархост.
Ба сухан гуфтани ӯ ақл зи ҳар дил бирамид,
Ошиқи он қади сарвам, ки чӣ зебо бархост.
Рӯзи рӯяш чу бараандохт ниқоби шаби зулф,
Гуфтӣ, аз рӯзи қиёмат шаби ялдо бархост.
Турки ишқаш бунайи сабр чунон ғорат кард,
Ки ҳиҷоб аз ҳарами рози муамммо бархост.
Саъдиё, то кай аз ин нома сияҳ кардан?-Бас,
Ки қаламро ба сар аз дасти ту савдо бархост.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close