Алами

Алами олами дерин ишқ аст,
Лаззати қисмати ширин ишқ аст.
Даст бар даст задан кафкӯбист,
Сина бар сина задан ин ишқ аст.
Худ ба худ даҳр надорад ранге,
Даҳр бо ҷилваи рангин ишқ аст.
Бо ҳама шавқу шарори олӣ
Гар расад умр ба поин, ишқ аст.
Кист пирӯз шуд андар ҳама ҳол
Бар ҳама мазҳабу оин? Ишқ аст!
Хӯшачинии замин дарвешист,
Чидани хӯшаи Парвин ишқ аст!
19.12.1983

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail