АЛЛАЁ, АЛЛА!

Хоб омаду хоб омад,
Хоб аз лаби об омад
Бо нури моҳтоб омад,
Аллаё, алла, алла!
Аллаё, алла, алла!

Каҷпо хобид,
Гургага раҳпо хобид,
Ҳар кӣ куҷо хобид,
Аллаё, алла, алла!
Аллаё, алла, алла!

Шамолак ҳур-ҳур дорад,
Гурбаяак хур-хур дорад,
Хоб асту ҳузур дорад,
Аллаё, алла, алла!
Аллё, алла, алла!

Мусича намепарад,
Бузича намечарад,
Хоби Фарангиз барад,
Аллаё, алла, алла!
Аллаё, алла, алла!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail