Аломати Қиёмат

Зи дастам мекашад доман баҳорафшон гиребоне,
Чаманпарвоз, раъноҷилва, пироҳангулистоне.
Қади ҳангома чун шамъе, рухи парвонамаҳтобе,
Ки дар боғи Ирам базме, биҳиштоин шабистоне…
Мурассаътаркаше, чобуксаворе, қодирандозе,
Қавибозу камондоре, хадангалмоспайконе.
Қиёматхез қадде, оламошӯбе, дил аз санге,
Ҳарифи ҷангҷӯе, тундхӯе, бепушаймоне.
Маҳи танҳораве, шабгарди бераҳме, сияҳмасте,
Бути ошиқкуше, ханҷарбадасте, номусулмоне.
Тараҳҳум нозу истиғно, иноят зулму бедодӣ,
Нигаҳ тороҷи дину дил, тағофул ғорати ҷоне.
Такаллум судаи қанде, табассум чашмаи шаҳде,
Забон чун мағзи бодоме, даҳон чун писта хандоне.
Чу бӯйи пираҳан шӯхе, чу Юсуф исматоине,
Зулайхоҳашмате, зарринқабо, симингиребоне.
Адофаҳму расоҳуше, ба ошиқ ошночашме,
Мурувватзодае, ширинлабе, мижгонзабондоне.
Ба хобам, Сайидо, омад мурассаъпӯш маъшуқе,
Таҷаллиостин дасте, тулӯъи субҳдомоне.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close