АМРИ ТАЪРИХ

Рӯзу шаб асри навам бедор аст,
Камсухан,
серталаб,
пуркор аст.
Умр —
кутоҳтар аз нози бутон,
Орзу —
ҳеҷ надорад поён.
Вақт —
кам!
Вақт каму ишвагар аст,
Кор бисёртар аз мӯи сар аст.
Чашми Маҳтоб ба роҳам чор аст,
Зӯҳра то субх чу ман бедор аст.
Менамояд талаб аз ман таърих
«Хайма зан, хайма ба боми Миррих
Дари афлок ба рӯям бикушо…»
Одамам,
Вақт бароям тилло.
Соҳиби донишаму илму ҳунар.
Мекушоям зи дили кайҳон дар.
Ман супориш зи диёрам дорам,
Амри таърих ба чо меорам,..

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close