АНДЕШАҲО

Мурғи андешаҳои дуру дароз
Наҳаросида аз ҳуҷуми боз,
Дар фазои васеъ бинмояд
Рӯзу шаб парвоз…

Бинишонад маро ба ҳоли хеш,
Бипарад ҳар куҷо, ки дил хоҳад,
Гаҳ ба Машриқ, гаҳе Шимолу Ҷануб.
Гаҳ ба Мағриб…
Надорад ӯ сарҳад.

Барқосой мепарад.
Дунё, —
Сайргоҳе барои ӯ танг аст, —
Набувад дилкушову рӯҳафзо
Зиндагие, ки нақши якранг аст.

Накунад дар сафар ҳавас ҳаргиз
Раҳи ҳамворрову осоне.
Ба роҳе меравал, ки то имрӯз
Нарасидаст пои инсоне.

Нигаҳаш дӯхта дар ин лаҳза
Сӯи сайёраҳову хуршедаш,
Сар кашида ба торуми гардун,
Самаровар дарахти уммедаш.

Мурғи андешаҳои дуру дароз
Рӯзу шаб дар парвоз,
Мепарад сӯи мақсади олӣ,
Орзуи ман аст болу параш,
Ҳамраҳаш корвони афкорам,
Фитрати ман ситораи саҳараш…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close