АНДЕШАҲОИ МӮЙСАФЕД

Ҳаётам рангубӯе дошт, дар дил навбаҳорам буд,
Нигоҳам ҷустуҷӯе дошт, дар паҳлӯ нигорам буд.

Биҳиштам буд дар оғӯш аз дидори маҳбубон,
Гаҳе бечиз будам, лек ёри ғамгусорам буд.

Задам писханд сӯи марг, будам гоҳ дарди дард,
Шабу рӯзи худо бо зиндагонӣ гирудорам буд.

Ман одамзодаям, аммо ба рӯзи шодиям, ёрон
Худо пиндоштам худро, ки аз завқи барорам буд.

Гаҳе занҷир бигсастам, гаҳе дар мӯй дар мондам,
Гаҳе аз мӯ мадад ҷустам, чу ҳукми рӯзгорам буд.

Гаҳе шуд санг болинам, нагуфтам зиндагонӣ бас,
Ба сӯи хайрият ҳар лаҳза чашми интизорам буд.

Дар ин дунё, дар ин гаҳвораю тобути инсонӣ
Забони ростӣ будам, шафақ будам, шарар будам.

Ба марги дӯст гирйистам, ба рӯзи тӯй хандидам.
Хазидам гоҳ мисли мор, гаҳе симурғпар будам.

Чӣ созам, ҳар нафас бар гӯш меояд садо акнун,
Ки вақти рафтанат шуд… оҳ,
ман аз ин бехабар будам.

Вафо дорам ба хокат боз, дунё – модари бераҳм,
Фақат ёде бикун, вақте ҷавони хушназар будам.

Зи баъди даргузаштан ҳам зи хокат боз мебӯсам,
Барои амни ту ҳатто ба зери хок месӯзам.

1.11.1963

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close