Арча

Дар кӯҳ варо на боғбон биншондаст,
На об ба вай додаю на парвардаст.
Ҳайрат бибарад маро ҳамеша, ёрон:
Ин гуна чӣ қувва бехазонаш кардаст?

Ин арча ба рӯи санги сахту сари кӯҳ
Худ рӯйидасту реша бар шах мондаст.
Ҳоҷат ба касе набурда, аз санги сияҳ
Рӯзии худаш ба зӯри худ бистондаст.

Ин аст туфайли худ ба худ печидан,
Ин аст ба чашми хеш олам дидан.
Ин аст бақои ҷисми соҳибэъҷоз,
Ин аст ҳузури соҳиби худ будан.

1961

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close