АРОБАИ КӮҲНА

Ҳамчу бори куҳан ба пуштаи деҳ
Мондааст ин аробаи вайрон.
Чархҳояш ба хок рафту фурӯ,
Соғу атфода як тараф ҳайрон.

Тахтаҳои нагуну бишкаста
Дар таҳи шӯраҳо забун монда,
Сари шоту шикаста дар хок аст,
Дасти аз хокдон бурун монда.

Рафта аз хотири аробакашон,
Гашта асбоби бозии тифлон.
Бо ҳаёҳу давида дар гирдаш
Ба замин меҷаҳанд аз сари он.

Рӯзҳои дароз бо шодӣ
Бачаҳо бо ароба машғуланд.
Шаб расад, дар хаёл меафтад,
Мешавад он ба лойи хотира банд.

Роҳҳои дароз ёд оянд,
Так-таки аспҳои ёлафшон.
Ёд ояд нақораи сумҳо,
Зери лаб хондани аробакашон.

Хоҳад аз ҷой барканад, бидавад,
Лойи раҳро кунад пароканда.
Лек ку, аспи роҳворе, ку,
Тир бишкаста, чархҳо канда…

Ман чу мошинсавор меоям,
Мекашам ин аробаро дар ёд.
Чархҳои шикастааш хомӯш
Мекунад дар ниҳоди ман фарёд.

* * *
Найсаворем ба мисли кӯдак
Андар ин размгаҳи шеъру сухан.
Найи худ Рахши дамон пиндорем,
Вой бар шеъру сухан,
вой ба ман!
Аспрезе набувад чун моро
Ҷуз дили тангу ҳавасҳои пареш,
Навҳаву нолакунон менозем
Бо ғаму ғуссаи тифлонаи хеш.

Дар пайи ёр сарандозӣ ҳам
Он қадар машғалаи бозӣ нест.
Набувад ор сарандозии мо,
Гар сарандозии мо сарбозист.

Офарин бод ба соҳибсухане,
Ки ба хун мисрааш оғушта шавад,
Дар пайи ишқ чу дар пойи Ватан
Юсуфивор агар кушта шавад.

Накунам бовари маҷнунии дил,
Накунад гарки биёбонмаргаш.
Гар натаркад дили ошиқ, чӣ дил аст,
Чун кунад ёри ягона таркаш.

Ин ҳавасбозии тифлона бас аст
В-он ҳама нолаи бехуни ҷигар.
Набвад ар куштаи Рустам Сӯҳроб,
Накунад нолаи Таҳмина асар.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close