АРВОҲИ ДОМАНГИР

Мепарад рӯҳи Рустами Дастон
Ҷониби мулки умри ҷовидон.
Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир
Мепарад аз қафош бо таъхир.
Аз миёни ғубори умри абад
Акси Суҳроби ял ба гавҳари чашм
Бингарад сӯи рӯҳи Таҳмина
Рӯҳи Рустам ба узр аз дари чашм:
Васли мо гӯӣ фасли мо будаст,
Эй дареғи муҳаббати инсон!
Васли як дам – фироқи якумрӣ,
Ишқи як шаб – азоби ҷовидон…
Ғарқа дар хоку хун тани Суҳроб
Хира тобад даруни чашмонаш.
Норизо аз ҳаёти ҷовидон –
Бинӣ аз зӯри худ пушаймонаш.
Дар лабонаш ҳазору як нафрин
Бар набарду кашокаши шоҳон.
Мепарад гарчи сӯи умри абад
Бар замин бингарад ба сад армон.
Рӯҳи Суҳроб – рӯҳи норозӣ
Мекашад низ аз гиребонаш.
Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир…
Мекашад бар замин зи домонаш…
1976

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail