АРЗАДОШТ

Ман намеғунҷам ба маҳфилҳои танге,
Саҳнаи эҷоди шоир саҳнаи дунёст.
Хешро дар кулли дунё
Мекунам эҳсос чун дар хонаи хеш,
Хонаи ман хонаи фардост.

Чун шавад ҷанги ватан оғоз аз ҷанги сухан,
Эҳтирозам аз суханбозу сиёсатбозҳост.
Чун суханбозе надонад, к-ин сиёсатгаҳ бувад,
Чун сухан оғози ҳар оғозҳост,
Нанги ман – нанги сухан.

Мепазирад ҳар кӣ маҳфил,
мешавад худ марги маҳфил,
Гар намесозад ба ишқӣ осмонҳо тарки маҳфил.
Ман, ки мехоҳам навозам сабзаҳоро чун насим,
Ё бирезам рӯйи сабзи даштҳо борони сим,
Ман, ки мехоҳам равам ба кӯҳсорон
Ҳамчу тундар,
Ё кушоям синаи худро ба киштиҳои дарё
Ҳамчу бандар,
Ман, ки шӯру шавкати дарё ба дил ҷо мекунам,
Хешро аз қалби сангину хамӯши кӯҳ ово мекунам,
Ман агар маҳфил кунам,
Маҳфил кунам танҳо ба хеш,
Ё ба он дарёи пурҷӯш,
Ё ба ин кӯҳи хамӯш.

На ба маҳфил,
на ба маҷлис эътиқодам ҳаст,
На ба мансаб,
на ба матлаб,
На ба солу
на ба мол,
На ба фолу
на ба қилу
на ба қол.
Эътиқоди ман бувад танҳо ҳунар,
К-он диҳад бар осмонҳои баландат болу пар.

Гар шумо аз зиндагонӣ мол мехоҳед,
Ман паровар бол мехоҳам.

Баъд аз ин маъзури маҳфилҳову маҷлисҳоятон,
Бо шумо, маҳфилбузургон, хоҳаме дарди бузург.
Ончунон дарде, ки дар маҳфил нагунҷад,
Ончунон дарде, ки дар манзил нагунҷад,
То шумо дар хеш, дар олам нагунҷед,
Балки дар ман ҳам нагунҷед.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail