Асар намонад

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳди ҳунар намонд,
Имрӯз обрӯй ба лаълу гуҳар намонд.
Парвона рафт, нашъа париду қадаҳ шикаст,
Аз шамъ ёдгор ба ҷуз чашми тар намонд.
Аз ҳеҷ хонае набаромад садои ҷуд,
Дар рӯзгори мо зи каримон асар намонд.
Раҳме ба сокинони гулистон кӣ мекунад?
Эй боғбон, ба мурғи чаман болу пар намонд.
Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,
Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.
Нагрифт хуни ноҳақи парвона шамъро,
Файзе ба гиряи шабу оҳи саҳар намонд.
Рафтанд, Сайидо, ба сад афсӯс аҳли ҷоҳ,
Бар сар аз ин кулоҳ ба ҷуз дарди сар намонд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close