Аз баҳоре то баҳоре рафтаам

Аз баҳоре то баҳоре рафтаам,
Аз нигоре то нигоре рафтаам.
Умри ман чун қулла пушти қулла буд,
Аз бароре то бароре рафтаам.
Ҷоннисорӣ буд ишқам дам ба дам,
Аз нисоре то нисоре рафтаам.
То дилам озод бошад бо диле,
Аз ҳисоре то ҳисоре рафтаам.
То бибошам пеши рӯи зиндагӣ,
Рӯзу шаб аз пушти коре рафтаам.
То наандозад ҷаҳонам бар канор,
Аз каноре то каноре рафтаам.
Ростӣ, то ёри дил пайдо кунам,
Эй бас аз ёре ба ёре рафтаам.
18.12.1983

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail