АЗ БОМИ ҶАҲОН, АЗ НОМИ ҶАҲОН

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун!
Шамси Табрезӣ
Гарчи шуҳратманд чун Боми Ҷаҳонанд,
Кӯҳҳои мо ҷавонанд.
Аз замоне то замоне рӯзафзун
кӯҳҳо қад мефарозанд
зарра-зарра, зина-зина сӯи гардун.
Ҳар каси ноошно бо хилқати куҳсори мо
Авҷи солафзуни онҳоро намебинад, валекин
Дидаи таҳқиқ мебинад…
Миллати ман низ
бо нахустин шеъри дунё – бо «Авасто»
бо нахустин шоири дунёш – Зардушт,
бо ҳама фарҳанги рангин,
бо ҳама таърихи дерин,
дар масири рӯзгори сахту сангин,
чун асири сарнавишти талху хунин
боз ҳам чун кӯҳҳои худ ҷавон аст;
Куллиёти ашъор 209
боз ҳам мисли заминаш
пуртаҳаммул, пуртааммул, пуртавон аст.
Тай шуд айёме, ки дар рӯи замин
хуни ӯ
чун рӯдҳояш соҳати маҷро надошт,
рӯҳи дарё,
ақли дарё,
ҳикмати машҳури дунё дошт, лекин
ин қадар паҳно надошт,
Ганҷҳо дар сина пинҳон кӯҳсораш
дастбаста, пойбаста чун худи ӯ будаанд.
Аз тулӯи Октябр
Кӯҳсораш низ бо ӯ
бандҳо, занҷирҳо аз дасту по бикшудаанд.
Октябр хуни ӯро тоза кард,
Соҳиби сад шуҳрату овоза кард,
Кӯҳи ӯ бо ганҷҳои синааш озод шуд,
Рӯҳи ӯ бо ганҷҳои маънавияш,
бо ҳама ганҷинааш озод шуд.
Кӯҳи ӯ сар мефарозад сӯи боло,
Рӯҳи ӯ пар мекушояд сӯи дунё…
Ҷанги дирӯз –
Ҷанги пирию ҷавонии ҷаҳон,
Ҷанги кӯрию басират,
Ҷанги озодию таслиму асорат
ёд дорад то ҳанӯз:
Аввалин «гурзи гарони оташин»
аз дили куҳсори тоҷикон бурун ҷаст,
аз дили куҳсори тоҷик
дар дили душман нишаст,
Баъд аз он
муҳраи душман шикаст…
Кӯҳсори мисли мо оромтабъу хоксор
Рӯзи зӯромад барои ҳифзи кишвар
Ҳомили ин гуна лак-лак «гурзҳои оташин» аст.
Ҳар кӣ моро сода медонад,
Ҳар кӣ моро аз тағофул тарсу мехонад,
Ғояти кӯрист!
Маҳзи хомияст!
Боз имрӯз
Аз фарози гунбади Қасри Сафед,
К-аз сияҳкорон пур аст,
даст меёзанд сӯи гунбади ҳафт осмон;
боз мерезанд монанди тагарг
ҳамлаҳо, таҳдидҳо аз боми кайҳон
бар сари Модар-Замин.
(Оҳ, эй Модар-Замин!
Оқ кун ин кӯдакони носипосу нохалафро,
ин ҳама бемоягони бесалафро!
Аз канори хешу аз оғӯши ҳастӣ дур кун,
ё сари вақт
пеш аз милодашон дар батни модар гӯр кун!)
Дар замин чун тирашон бар хок хӯрд,
баъд аз ин
бигрифта дар кайҳон камин
ин ҳама аҳли касофат
боз мисли сангҳои осмонӣ
бим мерезанду офат бар замин.
Боз мехоҳанд бо чандин баҳона
бар сари аҳли замона
осмонро ҳам фурӯ оранд
мисли деги посгона…
Боз мехоҳанд созанд аз мадори осмон
ин заминро бемадор.
Боз мехоҳанд дар саҳни фалак
чун дар замини захмдор
(Гарчи бе ин ҳам миёни ҷирмҳо
ахтарони наҳс бисёранд, мегӯянд…)
бо рокетҳо,
бо тамоми ҳомилаш ё омилаш
ахтарони наҳсро афзун бисозанд,
ахтарони саъдро вожун бисозанд.
Боз мехоҳанд бо Баҳром ҳамдастӣ кунанд,
дар замин пастияшон кам буд магар,
дар баландиҳои гардун сифлию пастӣ кунанд.
Боз мехоҳанд бефарзу яқин аз ҷаҳлу кин
наҳси кайвон рӯи ҳам резад ба айвони замин.
Боз мехоҳанд Рейган рақси кайҳонӣ кунад,
З-осмон аҳли заминро маҳву ҳайроне кунад.
Зӯҳраи раққосаро қоил кунад дар осмон,
Ҷумларо тобеъ кунад аз осмон то ресмон.
Лек кайҳон Голливуд не,
Ҷои рақсу бозӣ нест,
бурҷи Тираш ҳаст, аммо ҷои тирандозӣ нест!..
Бурҷи Мизон ҳаст дар боло, ки фармояд:
Одамиро дар замин боястӣ мизони хирад!
Эй бадомӯзони ҷанг!
Оташафрӯзони ҷанг!
Гар Замин Модар бувад,
Осмон бошад Падар.
Бо Падар, бо Модари худ шӯру ҷанг?
Таъну лаъни ҷумла олам бар шумо,
Нанг бодо, нанг, нанг!
Бо чӣ рӯ аҳли заминро рӯхарошон кардаед?
Ин ҷаҳонро деги ҷӯшон кардаед?
Мисли вулқон оташафшон кардаед?
Дар муҳите як муҳити баҳрагире ҳам намонд,
Ҳеҷ оромӣ намонд Ором Уқёнусро
Дастҳотон,
чашмҳотон,
қалбҳотон,
балки аслу наслҳотон ҷумла хуноғуштаанд,
баски хун гирёндаед ин модари маъюсро.
Киштиҳои зериобитон муҷаҳҳаз дар камин,
дар зери об
то барояд нақшаҳои шуматон бар рӯи об…
баъд кайҳон,
ҷангҳо бо ахтарон,
ҷангҳо бо моҳу хуршед
бо ҳазорон навъи рокет…
Марг мекоред дар рӯи замин,
Марг меборед аз боми фалак,
боз меҷӯед дар худ чодари амну дифоъ;
чатри лазерӣ ҳамеҷӯед болои сари худ
баҳри савдои сари худ…
Аз кӣ метарсед?
Аз чӣ метарсед?
Балки чун худкардаро набвад даво,
Хешро аз хеш мехоҳед бахшидан раҳо?
Мисли он, ки як шабе Хоҷа Афандӣ
то бидонад хубию дилсӯзии ҳамсоягон
дод зад аз даҳшату ваҳми дурӯғин:
Хонаам сӯхт!
Хонаам сӯхт!
Одамон бо таҳлука ҷамъ омаданд,
лек дида хонаашро бегазанд,
ҷумла хандиданду рафтанд.
Шоми дигар ростӣ, ки хонааш сӯхт,
Хоҷа зад фарёди талх аз байни оташ:
Хонаам сӯхт!
Хонаам сӯхт!
Ҷумла хандиданду хуфтанд…
Осмон парвозгоҳи рӯҳи инсон аст,
Осмон сайёраи рӯҳи ниёгон, рӯҳи покон,
рӯҳи бедори бузургон аст.
Ҳар касе, ки рӯҳи инсонро биранҷонид,
инсонзода нест.
Баски мегӯянд мардум:
Ҳар касеро, ки худо зад, боз одам мешавад,
Ҳеҷ кас одам нахоҳад шуд, гараш арвоҳ зад…
Гарчи медонем мо
бо ҳазорон муҳру чак,
бо ҳазорон даъвии инсонпарастӣ
хешро андар ҳиҷоби гунагун
мекунед эълом аз баҳри башар пушту паноҳ,
лек мебинем дар ойинаи гетинамо
пузи хунини шумо…
Дар замин гар ахтари иқболи худ гум кардаед,
Ҳеҷ гаҳ онро намеёбед дар зимни само…
Бӯи хуну бӯи марг
бишнавӣ аз чор сӯи баҳру бар,
Алҳазар!
З-осмон ҳар лаҳза ояд бар замин бӯи хатар,
Алҳазар!
Тарсам аз гардун ба ҷои барфу борон
тир борад, марг резад бар сари аҳли башар,
Алҳазар!
Рӯзу шаб ҳушёр бош,
Эй замин, фарзона модар!
Рӯзу шаб бедор бош,
Осмоно, эй падар!
Кӯҳҳои Тоҷикистон
реша дар қаъри замин,
чун сутунҳои ситабру бас қадир,
чун сутунҳои қавӣ барҷаста аз хоки кабир
зина-зина сӯи гардунҳо аз он қад мефарозанд,
то баробар сар ниҳанд зери бори осмон;
то наафтад осмон бар сари аҳли ҷаҳон,
то шаванд
баҳри ҳифзи зиндагонӣ аз балои ногаҳонӣ
пешбанд
ё пешмарги тирҳои осмонӣ…
Тоҷикистон кишвари пурофтоб аст,
Ҳамчу гармои тамузаш
баҳри пирӯзии бахту зиндагонӣ,
баҳри пирӯзии озодӣ, амонӣ
гармии имону меҳру эътиқод,
гармии дил, гармии ҷон, беҳисоб аст.
Баски нури зиндагии равшанаш
Армуғони офтоби Инқилоб аст.
Ман ҳама рӯзу ҳама шаб
аз сари Боми Ҷаҳон,
балки аз номи ҷаҳон,
баҳри ҳозир, баҳри истиқболи ороми ҷаҳон
з-ин ду хуршеди мунаввар
ҳам таманно мекунам,
ҳам тавалло мекунам:
Офтобо!
Офтоби Инқилобо!
Бо ҳар афсун
Хонаҳои мардумони даҳрро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун!
1984

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail