АТРИ МУҲАББАТ

Атри муҳаббат медиҳад шабҳои хушбӯйи баҳор,
Бе ту насибам чун бувад шабҳои хушрӯйи баҳор,
То ман намонам бенасиб, эй ту насиби ман, биё!
 
Субҳ аз хумори гесуят мебӯсам аз гесӯёи бед,
Шабҳо зи боди шабраве  пурсам ҳаме бӯйи умед,
Эй ту хумори рӯзу шаб, дар субҳу шоми ман биё!
&nbsp
Дар рӯзи тори ман биё, рангин шавад дунёи ман,
Дар рӯзгори ман биё, ширин шавад ғамҳои ман,
Дунёи рангинам биё, ғамҳои ширинам биё!
 
Аз ту агар дил кандаам, дилро ман аз худ кандаам,
Ман аз замин ҳам кандаам в-аз осмон афкандаам,
Пайванди ҷонам бо замин, бо осмони ман биё
 
Ҳарчанд мебошам кунун бехоби шабҳои дигар,
Ҳарчанд месӯзад дилам бо тобу табҳои дигар,
Эй сӯзиши рӯзи азал, эй ҷовидони ман, биё!
 
Ҳамчун гунаҳкоре , ки ӯ бошад ба уммеди видод
Аз ҳарфҳои охирин назди вакили адлу дод,
Ин аст ҳарфи охирин, эй аввалии ман биё!
 

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail