Архив автора

Модаро

Модаро, даҳ кӯдак аз ту ёдгорем, Аз туву аз шири покат қарздорем. Рӯзе гар аз осмон ахтар бигирем, Чун чароғе бар сари гӯрат биёрем.

Чи шуд

Чи шуд, эй ҷону эй ҷонони модар, Ба дарду доғат аз ҷон сер кардӣ. Начида як гуле аз боғи дунё, Ҷавон рафтию моро пир

Ҷаҳоно

Ҷаҳоно, ормонам кам шикастӣ, Ниҳоли қоматам дарҳам шикастӣ. Асои пирӣ будам баҳри модар, Асои модарамро ҳам шикастӣ.

Ту моро

Ту моро комрон кардӣ, падарҷон, Қатори одамон кардӣ падарҷон. Ту дар зери заминӣ, лек бар мо Заминро осмон кардӣ, падарҷон.

Ҳар кас

Ҳар кас, ки садои нолаам таъна занад, Дар чанбарае чу ман фитад, нола кунад. Аввал ӯ устухони одам буд, Нолаи ӯ аз ин сабаб

Дар гулдон

Гули зебои худрӯи куҳистон, Маё поин зи тори кӯҳсорон. Маё поин, ки арзонат фурӯшанд Барои як пашизе гулфурӯшон.

Дар болор

Мард он ки барои ҳастии халқ Бо бешу ками ҷаҳон ситезад. Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш, Бояст ки хуни дил бирезад…

Дар асо ва чигасҳо

Ниҳолеро, ки биншондӣ, расо шуд, Аз ӯ як шох баҳрат иттико шуд. Онҳо, ки буванд муттакои ҳама кас, Рӯзе нигарӣ, шаванд муҳтоҷи чигас. Як

Дар девори театр

Ҳама артист андар зиндагонӣ Ба сад оҳанг санъат менамояд. Яке бозикунон дар саҳна мирад, Яке мирад, сипас бар саҳна ояд. Яке аз саҳна боре

Шеъри ман

Шеъри ман бо ин ҳама нуқсу камол Гар зи шеъри дигарон ёд оварад, Маъние гар иқтибос аз дигарест, Ё чунон ки қатра бар Уммон

Дар китоби худ

Бар яке аз ҳафт пушти хештан. Дар санги мазори падарам Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок, Дар дили ман ғаму андӯҳи ту монд.

Дар девори мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд

Шеърҳоят то нашуд гум, мо туро кай ёфтем, Кай ба қадри ту расидему туро дарёфтем? Зиндаатро устухон кардем то рафтӣ ба хок, Боз сутхони

Дар қоимаи ҳайкали Рӯдакӣ

Ба тобут аст роҳ аз гоҳвора. Ба рағми дигарон з-ин раҳ ҳазар кун. Ҳалолат бод, шири поки модар, Зи гаҳвора ба ҷовидон сафар кун.

Дар гаҳвора

Устухон бисёр дар зери замин – Устухони пайкарони одамин. Аз миёни хирмани сутхони хушк Ҳар кадомеро чу мекарданд даст, Устухоне нола зад, фарёд зад,

Роҳи умр

Гаҳ дар ғами ҷон, гаҳ дар ғами нон, Доғ аз паи доғ, зарб аз паи зарб. Гоҳ аз паи ин, гоҳ аз паи он

Самарқанд

Ба хонаи худ меравам меҳмонвор, Аз хонаи худ меравам меҳмонвор. Вале намедонам, ки чаро? Чаро?? Чаро??? Гаҳвораи ман шуда маро меҳмонсаро Гулрухсор ва Яхч

Шоҳасар

Аз тамоми навиштаҳои башар, Ки нависандааш худодод аст, Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам, Сафҳаи рӯи одамизод аст.

Дар девони Рӯдакӣ ба ҷои бисёрнуқтаҳо

Ту ҳоло кӯдакӣ, тифлӣ, биосой, Дигарҳо баҳри ту андар талошанд. Бимак пистон, забони модар омӯз, Ки донишгоҳҳо қодир набошанд. Кӣ гуфт зи гоҳвора то

Дар минбар

Эй шумо, ки нотиқони минбаред, Аз Сисерон1 ҳам шумо нотиқтаред. Иқтибос аз дигарон бишнидаем, Иқтибос аз ақли худ ҳам оваред! Дастро бардошта сӯи само

Кандагиҳои

Кандагиҳои замон дар нутқи пайвасти шумост, Ҳақ ба дасти мост, аммо муҳр дар дасти шумост. Ман, ки имрӯз ошиқи ошуфтарӯзи Лолаам, Гарчи пирам, мисли

Он қадар

Он қадар ҷон мафишон, то тани беҷон нашавӣ, Он қадар сар мафикан, то сари сарсон нашавӣ. Эй азизон, туҳмати ноҳақ навиштан хуб нест, Одами

Чу барги

Чу барги коҳ гаштам аз ғамат коҳида-коҳида, Заволи хештан дидам, туро нодида-нодида. Чун туро бинам, ҷаҳон дар дидаам дигар шавад, Хас гули хуррам намояд,

Рӯзи

Ғанӣ андар канори дилбарон зист. Чу рӯзат пур шавад аз бахши қисмат Ба рӯзи дигарон кай метавон зист!? Гули ман, бе ту дил ғамнок

Манам

Манам он халқ, ки аз номи ман одам шудаӣ, Гунаҳам чист, ки имону фарам бишкастӣ. Ҳамчу фарзанди ман о пеши ману зону зан, То

Ки

Ки андар оштӣ оши ҳалоли халқ, Ки андар оштӣ дарҷ аст рӯзи нек. Чу донистанд к-андар паҳнаи гетӣ Кӣ будасту кӣ дод ин ҷангро

Маро

Маро гаҳ ону гаҳ чунон гуморанд, Гаҳе неку бадамро як шуморанд. Беҳ аз он ишрате дар зиндагӣ нест, Агар як дам маро бо ман

Ҳама

Ҳама бому дарам месӯзад, эй ёр. Ман он як раҳгузар будам, ки рафтам, Ман он марди сафар будам, ки рафтам. Зи дунёи дили пурорзуят

Замоне

Замоне навбати ман буд, эй гул. Чаро ангуштарият бенигин аст? Чаро чашмони хандонат ҳазин аст? Магар ишқи дилатро хок хурдаст, Ки доим чашми ту

Шабе

Шабе мастона мехондам тарона, Ки ту, эй гул, насибам бошӣ ё на. Чунон масти таманнои ту будам, Надонистам, ки мегуфтам фасона. Туро охир зи

Бузургон

Бузургон гар сағиранду кабиранд, Ба ҳар зулматсаро равшанзамиранд. Басо безарфи дун шодоб бошад, Вале дарёдилон лабташна миранд. Замоне бигзарад исёну шӯрат,

Ёдгори

Бар мотами рӯзгори ман нола кунед. Бар мотами рӯзгори ман нола чӣ суд? Бар мурдани ёдгори ман нола кунед. Ҳар кас паи нафси хештан

Ошиқ

Ошиқ ҳама кас, валек Маҷнун яктост, Олам ҳама сангзору зар кампайдост. Чун оби тамоми баҳру қулзум шӯр аст, Як чашмаи кӯҳсори мо беҳ з-онҳост.

Ҳар

Ноҷӯрии оламе зи ноҷӯрии мост, Ҳар роҳ ки дур бошад, аз дурии мост. Ҳар ганҷ ки дар кӯҳ ниҳон аст ҳанӯз, Аз кӯҳ маҷӯ

Эй дӯст

Андӯҳ чу селу шодӣ чун чашмаи нам, Аз шодӣ намурд кас, вале мурд аз ғам. Зинҳор ба пои худ наояд шодӣ, Андӯҳ ба пои

Ало

Ало, сар то қадам асли баҳорон! Бидеҳ ҷоме, ки месӯзад замирам, Бидеҳ ҷоме, ки то ман дарнагирам. Зи дасти марг бигрезам шабу рӯз, Ба

Mӯе

Сабӯеро ба бӯе мефурӯшанд, Нумӯеро ба мӯе мефурӯшанд. Чӣ гӯям як гурӯҳи бенасабро, Ки дарёро ба ҷӯе мефурӯшанд. Чаро аз ваъдаи худ дер кардӣ?

Дилсӯзу

Хазони бӯстони дил расида, Шумо, дилсӯзу дилдорон, куҷоед? Баҳор омад, ҳама дунём ишқ аст, Дилу ҷонам, сару савдом ишқ аст. Дар ин дунё ки

Дару

Дару девори ман ёди ту дорад. Агар бо чашми дил хонӣ, бубинӣ, Ҳама ашъори ман ёди ту дорад. Ба даргоҳи ту оҳ оварда будам,

Дили ман

Дили ман шиква аз даврон надорад, Гила аз чархи саргардон надорад. Раҳи ман ним шуд, аммо хушам ман Ки поёни раҳам поён надорад. Муҳаббат!

Ин ҳама

Бувад меъроҷи ман то гардани ёр. Туро озурдаму дилрешам имрӯз, Туро гум дили ман бехешам имрӯз. Ба олам дар ба дар чун шоҳи Эрон

Уммеди

Уммеди беҳӣ зи умр дорам ҳама умр, Ман ҳосили неку бад шуморам ҳама умр. Дар роҳи арӯси орзу чун домод Гулдаста ба даст интизорам

Ман

Ман бода хурам, пеши рухи сода хурам, Бо дилбари симсоқи озода хурам. Чун зиндагӣ сар ба сар фиреб асту ғиром, Ман ҷои фиреби зиндагӣ

Мекунад

Ман субҳ чу ҷойгири он меоям. Он қадр шитоб мекунад ин дили ман, Гӯӣ ки ҳама ҷаҳон бувад маътали ман. Он қадр чу бод

Аз

Аз камҳавасиҳо гули ночидаи мост. Барвақтӣ будем ё ки дерӣ будем, Дар базми ҳаёт чашмсере будем. Аз хурдани шири хом пухтем чунон, К-аз боми

Аз

Аз гардани ман чу қарздорам дорад. Ҳамқисмати ҳар суру азо бояд буд, Дар ғамкадаҳо тарабфизо бояд буд. Берун зи ғазою беҷазо будан чист? Он

Хушбахт

Хушбахт касе, ки ном бар ном орад, Дар иди Ватан ҷону дил инъом орад. Монандаи кӯлвори қосид ҳар субҳ Холӣ шаваду ба халқ пайғом

Дар

Дар синаи ман мақбараи ҷовидон, Дар дафтари ман лавҳи мазорест ниҳон: Бар хотираи ҳама ҷавонмардоне Ҷӯ кандаю худ нахурда як қатра аз он. Дунё

Ин

Ин хок мисоли модарон мегиряд, Дар мотами хокхуфтагон мегиряд, Ҳар роҳ, ки нақши бад гузоранд бар ӯ, Дар зери қудуми нокасон мегиряд. То ҷоми

Нӯшед

Нӯшед ба ёди хотири хастаи ман, Холӣ накунед ҷои биншастаи ман. Андар сари гӯри ман гузоред чу лавҳ Як соғари вақти мастӣ бишкастаи ман.

Подоши

Подоши садоқатат хиёнат бошад. Мобайни садоқату хиёнат ҷоест – Он ҷой гузин, дар он саодат бошад. Чун аз сари нав ҷавони зебо нашавам, Бефарқ

Дар

Дар хилвати рози ошиқон будам ман, Ҷомеву лабеву комрон будам ман. Ҳарчанд хамӯшу ноаён будам ман, Монанди шумо дар ин ҷаҳон будам ман. Подоши

Худ

Худ содаю хоксору сархам буданд. Онҳо, ки ба мо дарси шараф ёд диҳанд, То ваъда ба мо ҷаҳони обод диҳанд. Хоҳанд зи мо шикастанафсӣ

Нашнохта

Нашнохта олами дили шоирро, Аз дур ба шеърҳош тир андозанд. Чун ганҷ ба зери хок хомӯшам ман, Аз хотири дӯстон фаромӯшам ман. Онҳо ҳама

Дарёи

Дарёи ман аз баҳри ҷаҳон мегузарад. Инҳо ҳама аз мансаби худ масруранд, Дар минбару саҳна – ҳар куҷо манзуранд. Гар муҳрбадасту ҳокиму пурзӯранд, Дар

Ман ҷамъ

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ, Обод кунам, ту боз вайрон созӣ. Бо ин ҳама бозию фиребу найранг, Эй умр, зи ман чӣ гуна

Якумр ғуломи

Якумр ғуломи чокари дил будам, Дил буд чу рӯду ман чу соҳил будам. Он қадр ба ҳукми дил чашидам талхӣ К-аз айшу нишоти умр

Бе ту

Бе ту дили ман барои ман зиндон аст, Бе ту сари ман чун ду ҷави арзон аст. Ман зинда ҳанӯз, лек бе будани ту

Дилам

Дилам аз ишқат ороме надорад. Канорат беканор аст, эй сабуксанг, Ғамат беғамгусор аст, эй сабуксанг. Хазонатро намедонам, валекин Баҳорат бебаҳор аст, эй сабуксанг. Биё,

Маро

Маро дар рӯи дунё манзиле буд, Маро аз кишти дунё ҳосиле буд. Ба дарё мезанам дил, то бидонад, Ки андар соҳилаш дарёдиле буд. Ду

Ки ман

Ки ман ҷону ту марҷон меписандӣ. Ту бепарвоӣ парвардӣ, гули ман, Сипоси дил наёвардӣ, гули ман. Маро гум кардию з-он баъд кам-кам Ту худро

Миёни

Миёни мо чӣ фарсахҳост, эй дод! Миёни мо чӣ барзахҳост, эй дод! Биҳиште доштем он соат, акнун Миёни мо чӣ дӯзахҳост, эй дод! Зи

Монандаи

Монандаи офтобу маҳтоб ҷудо. Ҳар сӯ ба талоши зиндагӣ ҷорӣ шудем, Сарчашма як асту мо чу шохоб ҷудо. Чун узви замин ба ӯ даромехтаам,

Бар

Бар домани ёри дилситон мерезад. Хушбахт туӣ, ки дари дил бикшоӣ Бар дӯсти ҷонбаҷону беҳамтое. Бадбахт манам, ки нест дар роҳ маро Як душмани

Рӯзе

Рӯзе, ки бозмерасад вақти заволи ман, Ёде кунед аз ману нуқсу камоли ман! Нӯшед май ба хотири ҷоми шикастаам, Хонед шеъри Ҳофизу Соиб мисоли

Онон

Онон, ки забонӣ офаринам хонанд, Барчоши такаллуф ба сарам афшонанд, Дар зиндагиям ба ҷои гул хор диҳанд, Чун даргузарам, ба гӯри ман гул монанд.

Кай ҳама

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад, То азоби ману шумо гузарад? Ё Баҳоваддини балогардон, Ҳеҷ донӣ, ба мо чиҳо гузарад? Сад бало омадаст бар сари

Зудтар

Зудтар кош ин вабо гузарад. Мазҳабе ҷуз талоши мансаб нест, Магар ин дарди бедаво гузарад? Дар гадоӣ тавон ба сахтӣ сохт, Кай азоби ватангадо

Ин кӯчиёни

Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд, Аз дори мо бар хурдаву моро ба дор овехтанд. Нахле насабзонидаву карданд моро решакан, Бо хуни мо

Шоирам

Шоирам дар хушксори мулки холӣ. Кӯдакашро гар кушад дар батни модар, Чун тавон кард орзуи безаволӣ? То абусе бар даюсе раҳнамун аст, Оҳу дод

Ҷабри

Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо, Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо. Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург Ин қадар зиллату хорӣ

Хуни

Хуни ҳамхуни худашро намакидаст, ки мо. Миллате дар ҳама айём бад-ин бешарафӣ Синаи модари худро набуридаст, ки мо. Ҳеҷ кас зери ниқоб омада баҳри

Мефурӯшад

Мефурӯшад молу ҳолу фаршу қолӣ. Тоҷике яғмогари тоҷик бошад, Гургӣ аст ин, рӯбаҳӣ ё ки шағолӣ? Гарчи омухта ба ӯ қолу мақоле, Модарашро мекушад