АЙБАИ ҒУНЧА БАРФУРӯХТ МАШЪАЛАЙИ ГУЛИСТОН

Боди сабо барфурӯхт машъалайи гулистон,
Шамьи гуҳабор гашт гулбин парвинфишон.
Айбаи ғунча кушод размакушойи баҳор,
Сидрайи аксун ниҳод бар китифи арғӯвон.
Нофайи тотор гашт ҳар чаман аз бӯйи гул,
Кулбайи аттор шуд ҳар тараф аз бӯстон.
То фалаки шохсор кад ситора нисор,
Аз гули сурӣ намуд рӯйи замин осмон.
Тарфи лаби ҷуйбор хатти маҷарра ба шакл
Акси гули сурх з-об ҷирми Суҳйли Ямон..

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close