Айби риндон макун

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,

Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.

Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

Ҳама кас толиби ёранд, чӣ хушёру, чӣ маст,

Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ.

Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,

Муддаъӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.

Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,

Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хубасту кӣ зишт?

На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,

Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.

Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор,

Ту ғанимат шумар ин сояи беду лаби кишт.

Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,

Яксар аз кӯйи харобот барандат ба биҳишт.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail