АЙЁМИ ҶАВОНИСТ ЗАМИНРОВУ ЗАМОНРО

Наврӯз ҷавон кард бадал пиру ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.
Хар сол дар ин фасл барорад фалаки пир
Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.
Бигрифт шукуфа ба чаман-бар гузари боғ,
Чунонки ситора гузари Коҳкашонро.
Он ғунчайи гул бин, ки хаменозад бар бод
Аз хандайи дуздида фурӯ баста даҳонро

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail