АЙЁМИ  ПИРӢ

Субҳи умрам зуд рафту шом ҳам омад ба сар,

Офтоби оламоро шуд паси боғи назар.

 

Ҳамчу боғи тирамоҳ дил холӣ аз уммед монд,

Осмони даҳр холи – беситора, беқамар.

 

Дӯстони ҷонӣ акнун зери хоканд, эй дареғ,

Баъд аз ин бинам ҷахонро з –ин сабаб бо чашми тар.

 

Аз баҳори бошукӯхи фасл кай дил шод шуд,

Зери барфи пирӣ афтодаст моро боми сар.

 

Ӯлмасо, афсӯс чӣ, бо андӯҳи халқат бизӣ,

То абад бо халқ монӣ, гарчи бошӣ дар сафар.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close