АЗ МУФРАДОТ

Гӯян муфид панди мӯбад бошад,
Афтад ба таом чу мӯ, бад бошад
***
Дар аср гузашту Шаҳринав шаҳри нав аст,
Пурфайз миёни шаҳрҳо Шаҳринав аст.
***
Ба лисони араб оҳан ҳадид аст,
Луғатро халқ надидаст? Ҳа, дидаст.
***
Чаро қиммат шудаст нархи каҳу дон?
Ба ҷумҳури зиёд шуд иқтисоддон.
***
Моҳ мекунадтаназзул гар бигзарад зи чордаҳ,
Кард моҳи ман тараққӣ ҳарчанд расид ба чордаҳ.
***
Тарҳи одамро Худовад чун кашид,
Ҳусн ҳам зинат зи мӯи омад падид.
***
Ба ӯ гуфтам: Бародарҷон, бародар!
Ба кунҷи хона бас шиштан, баро дар!
***
Гарм аст ҳовои моҳи саратон,
Ҳаргиз накунад дард илоҳӣ саратон.
***

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail