Аз ғуса наҷотам доданд

Дӯш вақти саҳар аз ғуса наҷотам доданд,

В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.

Бехуд аз шаъшаъаи партави зотам карданд,

Бода аз ҷоми таҷаллӣ ба сифотам доданд.

Чӣ муборак сахаре буду чӣ фархунда шабе,

Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.

Баъд аз ин рӯйи ману оинаи васфи ҷамол,

Ки дар он ҷо хабар аз ҷилваи зотам доданд.

Ман агар комраво гаштаму хущдил, чӣ аҷаб?

Мустаҳиқ будаму онхо ба закотам доданд.

Ҳотиф он рӯз ба ман муждаи ин давлат дод,

Ки бад-он ҷавру ҷафо сабру суботам доданд.

Ин ҳама шаҳду шакар, к-аз суханам мерезад,

Аҷри сабрест, к-аз он шохи наботам доданд.

Ҳиммати Ҳофизу анфоси саҳархезон буд,

Ки зи банди ғами айём начотам доданд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail