АЗ РӮИ ОДАТАШ

Дар рӯзи ҷавдарав,
Ман рафтам дарав.
Бар дасти ман расид,
Зулфаш Чу зулфи ҷав.

Дастам ба зулфи ӯ,
Гаштам асиру маст.
Чашмам ба чеҳрааш
Гӯё кушода шаст.

Меҳри муҳабаташ,
Он қаду қоматаш.
Афсона менамуд,
Бушубҳа ҳашматаш.

Бе худ ба худ будам
Аз ҷазби суҳбаташ.
Лаб бар лабам ниҳод
Аз рӯи одаташ.

Маъно зиндагӣ
Гӯё ҳамин буда.
Ин гуфтаҳои ман
Такрори ин буда…

Эй дил, ки ман пазмонатам,
Ҷони манӣ, ман ҷонатам.
Ба Каъбаи дил хонамат,
Хоҳам, ҳамеша донамат.

Ман мурам, эй нозанин, бар чашми шаҳлоят мурам,
Бар нигоҳу нуктасанҷу нуктадонӣ, ей азиз,
Нуктафаҳму нуктасанҷу никтадонӣ, эй азиз,
Ҳам бар он лутфи латифу ҳуснизебоят мурам.

Соли нав омад, рафиқон, соғару мино гиред.
Дастҳои ҳамдигарро дӯстно, гиро гиред.
Чун ба табрики азизону ҳабибон меравад,
Як-ду соғар аз барои хотири Мирзо гриед.

Зиндагӣ як бор меояд ба кас,
Умри аз мо рафта н-ояд бозпас.
Мо ҳам меҳмони ин кошонаем,
Аз ҳамин хотир ғанимат ҳар нафас.

Эй шеър, туӣ ҳаёту ҳам ҳастии ман,
Дар равзаи зиндагӣ баланду пастии ман.
Вақте ки сухан садоқаташ шеър шавад,
Аз кайфияташ ҳамефизояд ин масти ман.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail